Нахустин тамрини мунтахаби Австралия дар Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Нахустин тамрини мунтахаби Австралия дар Душанбе

Тими миллии Австралия, ки айни замон ҷиҳати иштирок дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе қарор дорад, дар Вархишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аввалин таминашро гузаронд.

Тамрини австралиягиҳо дар шакли кушода баргузор шуд ва рӯзноманигорону мухлисон ҳам имконияти дар он иштирок карданро доштанд. Барои дидани бозигарони “соккеруз”, ки чемпиони феълии Ҷоми Осиё мебошанд, бештар аз сад нафар мухлисон ба варзишгоҳ омаданд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки рӯзи душанбеи 7 сентябр дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” машварати пеш аз бозӣ бо иштироки намояндагони дастаҳо ва шахсони расмии хизматрасони бозӣ доир мегардад. Баъд аз он соати 11:00 нишасти хабарии пеш аз бозӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо Мубин Эргашев (Тоҷикистон) ва Ангелос Постекоглу (Австралия) баргузор мешавад.

Ёдовар месозем, ки баъд аз вохӯрии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18.00 доир мегардад, инчунин миёни мухлисон бозии лотореяи варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S ба бозӣ гузошта мешаванд.

Добавить комментарий