Мутахассиси туркман кори доварони футзали тоҷикро санҷиш мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мутахассиси туркман кори доварони футзали тоҷикро санҷиш мекунад

Ду нафар реферони футзали тоҷик – Эркинҷон Мадибоев аз Душанбе ва Абдумалик Ғаффоров аз Хуҷанд барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё аз санҷишӣ рекруторӣ меузаранд.

Дар ин бора ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон раиси шӯъбаи футзали Федератсия Комрон Шодиев хабар дод. Ҳакамии доварони тоҷикро рекрутори КФО аз Туркманистон Вадим Баратов санҷиш мекунад. Мутахассиси туркман дар бозии марказии даври ифтитоҳии қисми дуюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон байни  “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе, ки рӯзи 25 июл соати 16.00 дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, доварони моро назорат хоҳад кард.

Дар баробари кори доварӣ дар майдон, баъд аз бозӣ донистани забони англисӣ ва қоидаҳои бозии футзалро ҳам Мадибоев ва Ғаффоров санҷиш карда мешаванд.

Дар сурати бомуваффақият гузаштани марҳилаи аввали санҷиши рекруторӣ аз ҷониби КФО ректрутори дуюм ба Тоҷикистон фиристонида мешавад. Баъди гузаштани санҷиши дуюм қарор оиди қабул шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё қабул карда мешавад.

referees

Добавить комментарий