Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо КМВА «Помир» дар бозии санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо КМВА «Помир» дар бозии санҷишӣ

Мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Точикистон дар доираи омодагӣ ба сабқати байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 бозии санҷишии ҷамъбастии худро гузаронд. Рақиби даста дар ин бозӣ КМВА «Помир»-и Душанбе шуд.

Бозӣ шавқовару ҷаззоб доир шуда, бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-уми вохӯрӣ ҳамлагари мудофиачиён Давронҷон Тухтасунов боз кард. Голи ҷавобиро шогирдони мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дар ниммаи дуюми дидор ба самар расониданд. Партофти хуби ниммуҳофизи «Истиқлол» ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Зиёвудин Фузайловро,  ҳамдасташ Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик») ба самар расонд. Бозӣ бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт.

Ба иттилои сармураббии даста Роман Пилипчук, баъд аз ин бозӣ бозингарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се рӯз истироҳат мекунанд. Даста рӯзи 13 январ ҷамъ шуда, рӯзи 16 январ ба Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия сафар мекунад. Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 17 то 23 январ дар маҷмааи варзишии «Петербургский» доир хоҳад шуд.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахаби ҷавонони тоҷик дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони ҷавонони мо дар гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Россия (17 январ), Эстония (19 январ) ва Латвия (21 январ) мебошанд.

Добавить комментарий