Мусовии мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Ветнам дар Қатар – Федерация Футбола Таджикистана

Мусовии мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Ветнам дар Қатар

Дастаи мунтахаби ҷавонони то синни 19-солаи Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими Ветнам мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Ин бозии дӯстонаи санҷишӣ дар доираи омодагии мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Ветнам ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни бозигарони то синни 19-сола рӯзи 9-уми октябр дар варзишгоҳи “Ал-Вақра”-и пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа  баргузор шуд.

Дружинаи Виталий Левченко дар ин вохӯрӣ бо чунин ҳайат вориди майдон шуд: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Доробҷон Эргашев, Азимҷон Раҳмонов, Мӯҳсинҷон Парпиев, Ваҳдат Ханонов, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов (Амирҷон Сафаров, 72), Далер Ёдгоров (Муҳаммадҷони Ҳасан, 58), Нуриддин Ҳамроқулов.

Ин бозӣ барои ҳарду даста охирин санҷиш пеш аз марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 19-сола буд, ки аз 13-ум то 30-юми октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор мешавад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро дар ин мусобиқа бо тими Узбекистон анҷом медиҳад. Ин бозии даври аввали гурӯҳи D рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Манама барпо мегардад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум рӯзи 18 октябр бо мунтахаби ҷавонони Чин рақобат мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор мешавад.

Бозии ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо тими Австралия доир хоҳад шуд.

Мунтахаби ҷавонони Ветнам бошад, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Кореяи Шимолӣ (14 октябр), Имороти Муттаҳидаи Араб (17 октябр) ва Ироқ (20 октябр) рақобат мекунад.

Добавить комментарий