Мусовӣ дар Дакка – Федерация Футбола Таджикистана

Мусовӣ дар Дакка

Мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018-ро бо тими миллии Бангладеш дар Дакка мусовӣ 1 бар 1 анҷом кард. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 50 бозӣ соҳибони майдон боз карданд. Футболбозони тоҷик муваффақ шуданд, ки дар дақиқаи 88 ҳисобро баробар созанд.

Тими миллии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бозиро бо мунтахаби миллии Бангладеш бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод.

Ин бозӣ бегоҳи сешанбеи 16 июн ба анҷом расид. Голи соҳибони майдонро Ҷаҳид Ҳасан дар дақиқаи 50-ум ва голи мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Бангладеш бо чунин ҳайат майдондорӣ кард: Алишер Тӯйчиев,  Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (Соҳиб Саванқулов, 90), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Далерҷон Тухтасунов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Фарҳод Тоҳиров, 58), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 8. Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 46). 17. Дилшод Восиев (капитан), 21. Манучеҳр Ҷалилов.

Сардовар: Мин Ху (Кореяи Ҷанубӣ).

Натиҷаи бозиҳои даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018:

Гурӯҳи A: Тимори Шарқӣ – Имороти Муттаҳидаи Араб – 0-1, Maлайзия – Фаластин – 0-6
Гурӯҳи B: Бангладеш – Tоҷикистон – 1-1, Қирғизистон– Австралия – 1-2
Гурӯҳи C: Бутан – Чин – 0-6, Гонконг – Mолдив – 2-0
Гурӯҳи D: Гуам – Ҳиндустон – 2-1, Tуркманистон – Эрон – 1-1
Гурӯҳи E: Ҷопон – Сингапур – 0-0, Камбоҷа – Афғонистон – 0-1
Гурӯҳи F: Тайван – Tайланд – 0-2
Гурӯҳи G: Mянмар – Kореяи ҷанубӣ – 0-2, Лаос – Лубнон – 0-2
Гурӯҳи H: Кореяи шимолӣ – Узбекистон – 4-2, Яман – Филиппин – 0-2

Тақвими бозиҳои боқимондаи тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “В”

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий