Мусобиқаи ёдгории Гранаткин: ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Юнон – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқаи ёдгории Гранаткин: ғалабаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Юнон

Мунтахаби ҷавонони зери 18 солаи Тоҷикистон баромади худро дар 29-ум мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба гиромидошти хотираи нахустин ноиби аввали президенти ФИФА Валентин Гранаткин бо ғалаба оғоз кард. Дружинаи Виталий Левченко дар даври аввали бозиҳи мусобиқа бар дастаи Юнон бо ҳсоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд.

Голи ягона ва ғолибиятро дар дақиқаи 55 аз ҷаримаи пеналти Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонд. Ба ин тартиб, Эҳсон муаллифи нахустин голи Ҷоми ёдгории Валентин Гранаткин дар соли 2017 шуд.

Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Булғористон вомехӯрад. Ин бозӣӯзи сешанбеи 10 январ, соати 16:15 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Ҷоми ёдгории Валентин Гранаткин

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН – Юнон – 1:0

Гол: Эҳсони Панҷшанбе, 55 – аз пеналти.

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 90), Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарипов (Манучеҳр Сафаров, 86), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 78), Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд:: Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (Тоҷикистон).

Сардовар: Антон Баталов (Русия).

 

Булғористон – Эстония 0:0

Ҳайати гурӯҳҳо:

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Юнон, Булғористон, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Белорус, Русия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт–Петербург, Эрон.

 

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

8 январ (якшанбе)

18:30 – Латвия – Беларус
21:00 – Русия – Ҳиндустон

9 январ (душанбе)

14:00 – Литва – Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Қазоқистон
18:30 – Молдова – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Эрон

Даври 2-юм

10 январ (сешанбе)

14:00 – Эстония – Юнон
16:15 – Булғория – ТОҶИКИСТОН
18:30 – Ҳиндустон – Белорус
21:00 – Русия – Латвия

11 январ (чоршанбе)

14:00 – Қазоқистон – Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Литва
18:30 – Эрон – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Молдова

Даври 3-юм

12 январ (панҷшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Эстония
16:15 – Юнон – Булғория
18:30 – Латвия – Ҳиндустон
21:00 – Беларус – Русия

13 январ (ҷумъа)

14:00 – Литва – Қазоқистон
16:15 – Озарбойҷон – Словакия
18:30 – Молдова – Эрон
21:00 – Словения – Санкт-Петербург

14 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойҳои 9 -16 3А – 4В
21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-16 3В – 4А

15 январ (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9 -16  3С – 4D
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-16 3D – 4C
18:30 – 1\4 финал 1А – 2В
21:00 – 1\4 финал 1В – 2А

16 январ (душанбе)

18:30 – 1\4 финал 1С – 2D
21:00 – 1\4 финал 1D – 2C

17 января (сешанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 13-16
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 13-16
18:30 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12

18 январ (чоршанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:30 – Нимфинал
21:00 – Нимфинал

20 января (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 15-16
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 13-14
18:30 – Бозӣ барои ҷойҳои 11-12
21:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-10

21 январ(шанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6
18:30 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4
21:00 – Финал

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Добавить комментарий