Мусобиқаи гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев дар Алмосӣ мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев дар Алмосӣ мегузарад

Имрӯзҳо дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Алмосии Ҳисор, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони соли таваллудашон 2002 бахшида ба гиромидошти собиқ Котиби генералии ФФТ, марҳум Ислом Маҳмадшоев доир шуда истодааст.

Дар мусобиқа панҷ даста аз Душанбе, НТМ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок доранд. Мувофиқи Низомномаи баргузорӣ мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм мегузарад.Ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳои соҳибшуда маълум мешавад

Мусобиқа бахшида ба гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев

Даври 1-ум

Душанбе – НТМ – 3:0

Кӯлоб – Қӯрғонтеппа – 2:5

Даври 2-юм

НТМ – Кӯлоб – 0:3

Хуҷанд – Душанбе – 0:3

Даври 3-юм

Кӯлоб – Хуҷанд – 0:3

Қӯрғонтеппа – НТМ – 3:2

Добавить комментарий