Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Кумитаи андози Тоҷикистон ҷамъбаст шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Кумитаи андози Тоҷикистон ҷамъбаст шуд

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст шуд. Мусобиқа, ки ба ифтихори таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуд, бештар аз се моҳ идома кард.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Кумитаи андози Тоҷикистон дар ду синну сол – байни бозигарони то сини 40 сола ва миёни собиқадорони аз 40 сола боло доир гардид.

Дар мусобиқа байни дастаҳои синнашон то 40 сола 27 даста иштирок кард. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳои иштирокчӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шуданд. Аз ҳар гурӯҳ чор дастаи пешсаф ба марҳилаи баъдӣ роҳхат гирифтанд. Ба ин тартиб, мусобиқа аз рӯи системаи олимпӣ идома ёфт.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ бар дастаи Кумитаи давлатии Амнияти Миллӣ бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.

Дар ин синну соли мусобиқа дастаи «Динамо» мақоми якумро соҳиб шуд. Дар бозии ниҳоӣ «Динамо» бар дастаи Кумитаи андоз бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гардид.

Манучеҳр Бектошев аз дастаи Кумитаи андоз беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷамшед Исмоилов аз «Динамо» бо 16 голи задааш унвони беҳтарин нишонзани мусобиқаро соҳиб гардид. Абдулло Соқиев аз дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд.

Дар мусобиқа байни дастаҳои синну соли бозигаронашон аз 40 сола боло 8 даста иштирок кард. Марҳилаи пешакии ин мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор шуд. Баъд чор дастаи пешсаф ба бозиҳои ниманиҳоӣ баромаданд. Дастаҳои мағлуби бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозӣ барои ҷои сеюм ва дастаҳои ғолиб дар бозӣ барои мақоми аввал рӯбарӯ шуданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи «Антикоррупсия» бо ҳисоби 3 бар 0 бар дастаи «Прокуратура» пирӯз шуд. Дар бошзии ҳалкунанда бошад, дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар собиқадорони «Динамо» бо ҳисоби минималии 2 бар 1 зафар ёфт.

Унвони беҳтарин дарвозабонро дар байни дастаҳои собиқадорон Амрулло Эшонзода аз дастаи «Динамо» соҳиб шуд. Абдуҷалил Сафарзода аз дастаи «Антикоррупсия» беҳтарин бозигар байни собиқадорон шинохта шуд. Унвони беҳтарин нишонзани мусобиқаро байни собиқадорон Тӯйчӣ Сафаров аз дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соҳиб гашт.

Дар маросими ботантанаи ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдулозода, ҷонишини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодҷон Юсуфӣ ва Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода иштирок карда, ба ғолибону ҷоизадорон ва бозигарони беҳтарини мусобиқа Ҷому медалҳо ва ифтихорномаву тӯҳфаҳои қимматнокро супориданд.

Добавить комментарий