Мураббии «Ал-Файсалӣ»: «Мусовӣ дар сафар натиҷаи хуб аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Мураббии «Ал-Файсалӣ»: «Мусовӣ дар сафар натиҷаи хуб аст»

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Ал-Файсалӣ»-и Урдун Ферас Ал-Халайлеҳ бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 бо чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанберо, ки рӯзи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт, шарҳ дод.

Ферас Ал-Халайлеҳ, и.в. сармураббии «Ал-Файсалӣ»:

– Ман аз натиҷаи имрӯзаи бозӣ қаноатмандам. Мо имкони ғолиб шуданро ҳам доштем, агар аз лаҳзаҳои голзаниямон истифода карда метавонистем. Мехоҳам ба бозигарон изҳори сипосгузорӣ баён кунам. Панҷ нафар бозигарони ҳайати асосии мо – ду нафар легионерон ва се нафар бозигарони маҳалӣ дар ин бозӣ иштирок надоштанд. Агар онҳо иштирок медоштанд, фикр мекунам бозӣ дигар хел мешуд.  Мо ба Душанбе бо мақсади ба даст даровардани се имтиёз омадем. Амо айни ҳол аз як имтиёзи ба даст овардаамон ҳам қаноатмандӣ ҳосил мекунем. Чунин мешуморам, ки мусовӣ дар сафар – натиҷаи хуб аст.  Дар бораи «Истиқлол» бошад ҳаминро гуфта метавонам, ки бисёр дастаи хуб ва пурқуват аст. Агар зӯр намебуд соли гузашта то финали мусобиқа намерасид. Соҳибони майдон имрӯз дар бозӣ бартарият доштанд ва тӯбро бештар онҳл контрол мекарданд. Аз бозигарони «Истиқлол» метавонам рақами 63-ро (Манучеҳр Ҷалилов) қайд кунам. ӯ ба хатти муҳофизати дастаи мо мушкилиҳои зиёде овард. Ҳам «Истиқлол» ва ҳам дастаи мо агар имкониятҳояшонро истифода мекарданд, метавонистанд ғалаба кунанд. Ман бештар аз бист сол мешавад, ки дар даста фаъолият мекунам. Дар бозии имрӯза ба фикрам вазифаи худро иҷро кардам. Дар оянда кӣ сардорӣ кардани дастаро бошад, роҳбарият ҳал мекунад, на ман.

Добавить комментарий