Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Фаластин оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Фаластин оғоз кард

Мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов омодагияшро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин оғоз кард. Мунтахаби миллии мо ба ин бозӣ дар Душанбе омодагӣ мегирад.

Баъд аз бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Сурия (0:0), ки рӯзи шанбеи 27-уми август дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд доир гардид, командаи Ҳаким Фузайлов як рӯз истироҳат карда, омодагияшро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин оғоз кард. Бозӣ бо мунтахаби Фаластин рӯзи 6 сентябр дар Хеврони Фаластин баргузор хоҳад шуд.

Бо назардошти оне, ки бозӣ бо мунтахаби Фаластин дар майдони сабзааш сунъӣ доир мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон то рӯзи шанбе дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин мекунад.

Айни ҳол дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Фаластин 22 бозигар омодагӣ мегирад. Ниммуҳофизи «Дунав»-и Булғория Нуриддин Давронов ба қароргоҳи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳозир шуда, дар ҳайат тамрин мекунад. Пагоҳ, Парвизҷон Умарбоев аз «Локомотив»-и Булғория бояд ба ҳайати даста пайваст шавад. Бо сабаби лат бардоштан, легионери дигари мо Давронҷон Эргашев, ки дар «Тараз»-и Қазоқистон бозӣ мекунад, дар ин бозӣ мунтахаби мили Тоҷикистонро кӯмак карда наметавонад.

Мунтахаби мили Тоҷикистон бегоҳи шанбеи 3-юми сентябр аз Душанбе ба Дубай парвоз мекунад. Аз дубай бо хатсайри ҳавоии транзитӣ ба Амман сафар карда, аз пойтахти Урдун бо автобус тавассути ҳудуди давлати Исроил ба шаҳри Хеврони Фаластин раҳсипоср мешавад.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Фаластину Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр дар Варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Хеврони ин давлат баргузор мегардад. 

 

Ҳайати мунтааби миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин:

Дарвозабонҳо: Абдулазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);

Муҳофизон: Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Ҳосилот»), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Зоир Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванкулов (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Ниммуҳофизон: Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Фаридун Шарипов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов (ҳама аз «Истиқлол»), Умедҷон Шарипов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан, Кароматулло Саидов (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Ҳосилот»).

Добавить комментарий