Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш оғоз кард

Мунтахаби миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 муқобили Бангладеш оғоз намуд.

Рӯзи шанбеи 7 ноябр мунтахаби миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ҷойгир шуда, бегоҳ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрини аввалинашро гузаронид. Дар тамрин ҳаммаи 23 нафар бозигарон ширкат карданд. Машғулияти даста бештар аз як соат идома ёфт.

То бозӣ бо Бангладеш дастаи Мубин Эргашев ҳар рӯз сар аз соати 16:30 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Бангладеш рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Вазишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 17:00. Чиптаҳои дараҷаи аввал барои сектори сабзи нишастгоҳи ғарбӣ 50 сомонӣ, дараҷаи дувуми сектори сабзи нишастгоҳи ғарбӣ  20 сомонӣ ва барои дигар минбарҳои варзишгоҳ – шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ 10 сомонӣ арзиш доранд.

Добавить комментарий