Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо Австралия оғоз намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо Австралия оғоз намуд

Имрӯз, 29 август, мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии иҷрокунанадаи вазифаи сармураббӣ Мубин Эргашев ва ёварони ӯ омодагиро ба бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо чемпиони феълии Осиё мунтахаби Австралия оғоз намуд.

Дружинаи Мубин Эргашев дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” истиқомат намуда, тамринҳояшро дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаронад. Дар тамрини аввали даста 22 нафар бозигарон иштирок карданд. Муҳофизатгари “Жетису”-и Қазоқистон Давронҷон Эргашев имрӯз ба ҳайати даста ҳамроҳ мешавад. Фарҳод Восиев бошад, андаке баъдтар ба сафи мунтахаби миллӣ пайваст мешавад.

То бозӣ бо Австралия мунтахаби миллии мо рӯзи 1 сентябр бо мунтахаби клубҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии санҷишӣ мегузаронад. Мунтахаби клубҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистонро мураббиён Тоҳир Муминов (”Равшан”), Раҳматулло Фузайлов (КМВА “Помир”) ва Алиёр Ашурмамадов (“Далерон-Уротеппа”) роҳбарӣ хоҳанд кард. Ин бозӣ рӯзи 1 сентябр соати 18.00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

Добавить комментарий