Мунтахаби Тоҷикистон муқобили Фаластин бо либоси сафед бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон муқобили Фаластин бо либоси сафед бозӣ мекунад

Дар арафаи баргузории бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Фаластину Тоҷикистон, имрӯз 5 сентябр, дар конфронс-толори меҳмонхонаи «Абу-Мазен» дар Хеврон ҷаласаи машваратӣ бо иштироки намояндагони ҳарду даста ва Федератсияи футболи Фаластин доир шуд.

Ҷаласаи машваратиро Алӣ Ҷабраил, ки комиссари АФК мебошад, ифтитоҳ намуда аз номи Федератсияи футболи Фаластин ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Тоҷикистонро хайра мақдам гуфт. Алӣ Ҷабраил замони шурӯъи бозиро – соати 18.00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20.00 ба вақти Душанбе) тасдиқ кард. Дар рафти ҷаласаи машваратӣ инчунин муқаррар шуд, ки мурабиён давоми бозӣ то шаш нафар бозигарро иваз карда метавонанд.

Дар ҷаласа ин чунин сарулибоси бозикунии футболбозон низ муайян карда шуд. Муқаррар шуд, ки соҳибони майдон бо либоси сурх ва меҳмонон бо либосҳои сафед вориди рақобат мешаванд.

Добавить комментарий