Мунтахаби Тоҷикистон дар Дакка аввалин тамрини худро гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар Дакка аввалин тамрини худро гузаронд

Мунтахаби миллии Тоҷикисто н, ки айни ҳол барои гузаронидани бозии ҷавобии плей-офф бо мунтахаби миллии Бангладеш дар Дакка қарор дорад, дирӯз бегоҳӣ тамрини аввалинашро гузаронд.

Тамрин дар майдони футболи яке аз коллеҷҳои Дакка доир шуда, дар он ҳамаи футболбозон иштирок карданд. Тамрин аз давидан оғоз шуд. Баъд, бозигарони майдон зери роҳбарии Ҳаким Фузайлову ёваронаш Виталий Левченко ва Рустам Қурбонов, дарвозабонҳои даста бо роҳбарии мураббиёни дарвозабонҳо Амоншо Содатсайров ба тамрин фаро гирифта шуданд. Бозии дуҷонибаи 10 х 10 барномаи тамрини имрӯзаро ҷамъбаст кард.

Добавить комментарий