Мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистону Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистону Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда шурӯъ хоҳанд шуд бо тимҳои миллии Афғонистону Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад.

Бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Афғонистон рӯзи 1-уми сентябр дар Варзишгоҳи «Металург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Тими миллии Афғонистон айни замон дар радабандии ФИФА зинаи 156-умро ишғол мекунад.

Рӯзи 6-уми сентябр мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Фаластин бозӣ мекунад. Фаластин дар раддабандии ФИФА дар ҷои 113-ум қарор дорад. Санаи 3-юми октябр бошад мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Фаластин дар Душанбе вомехӯранд.

Ба ғайр аз бозиҳо бо тимҳои миллии Афғонистону Фаластин мунтахаби Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва ноябр баргузории боз ду бозии дӯстонаро дар нақша дорад.

Добавить комментарий