Мунтахаби Тоҷикистон бегоҳи имрӯз ба Дакка парвоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон бегоҳи имрӯз ба Дакка парвоз кард

Ҳайати намояндаги мунтахаби миллии Тоҷикистон бегоҳи имрӯз, соати 19:45 тавассути хатсайри ҳавоии транзити Дубай ҷиҳати иштирок дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо мунтахаби Бангладеш ба Дакка парвоз кард.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов бо худ ба Бангладеш 20 бизигар – 2 дарвозабон, 6 муҳофиз, 8 нимуҳофиз ва 4 ҳамлагарро ҳамроҳ гирифтаст.

Ёдрас мешавем, ки бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни мунтахабҳои миллии Бангладешу Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 7-уми июн, дар варзишгоҳи Бангабандуи Дакка, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:00) ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Бозии аввал миёни ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба фоидаи футболбозони Тоҷикистон  анҷом ёфт.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш: 

Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон);

Муҳофизон: Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Далерҷон Тухтасунов («Ҳосилот»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳар ду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»);

Ниммуҳофизон: Умедҷон Шарипов («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев, Эсони Панҷшанбе (ҳар ду аз «Барқчӣ»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Нуриддин Давронов (ҳама аз «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Добавить комментарий