Субҳи имрӯз мунтахаби миллии Тоҷикистон баъди иштирок дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз Дакка ба Ватан баргашт. Бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.
Баъди бозгашт ба Душанбе бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон ба клубҳои худ рафтанд. То анҷоми қисми якуми чемпионати Тоҷикистон ду даври дигар боқӣ мондааст. Баъд аз анҷоми ду давр бозигарон ба рухсатии кутоҳмуддат мебароянд.