Мунтахаби наврасони зери 16-сола дар Норак тамрин мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони зери 16-сола дар Норак тамрин мекунад

Имрӯзҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ машқии худро дар Норак мегузаронад.

Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ 28 нафар бозигарон, аз ҷумла 4 дарвозабон, 7 муҳофиз, 10 ниммуҳофиз ва 7 ҳамлагарро даъват кардаст.

Ёдрас месозем, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” баромад мекунад. Рақибони наврасони мо дар гурӯҳ дастаҳои мунтахаби ҳамсолонашон аз Ироқ, Қатар ва Туркманистон мебошанд. Мусобиқа дар ин квартет аз 16 то 20 сентябр дар Қатар мегузарад.

Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016, ки дар Ҳиндустон хоҳад гузашт, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи ҷои чоруме, ки нишондиҳандаҳои хуб доранд, роҳхат мегиранд.

Ҳайати мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомадии таълимӣ дар Норак:

Дарвозабонҳо: Меҳвар Сулаймонов («Помир»), Илҳом Раҳимов («Хуҷанд»), Хисрав Раҳимов («Саройкамар»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизон: Шаҳром Абдуллоев, Вадат Ханонов (ҳар лу аз «Истиқлол»), Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Амир Ибраоҳимов, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Помир»);

Ниммуҳофизон: Саидмухтор Азимов, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев, Исломиддин Ғоибов, Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз  «Помир»), Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Ҳумоюн Бутаев («Пахтакор»), Умарҷон Шарипов («Вахш»);

Ҳамлагарон: Далер Ёдгоров («Истиқлол»), Рамз Амрохонов, Шаҳзод Давлатов, Аслам Камолов, Мубинҷон Муминов, Аваз Қамчинов, Тоҳир Малодӯстов (ҳама аз «Помир»).

Добавить комментарий