Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба Остона рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба Остона рафт

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ҷиҳати иштирок дар 8-умин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон ба шаҳри Остона сафар кард.

Ҳайати намояндагии даста аз 22 нафар иборат аст, ки 18 нафарашон бозигарон мебошанд.

Дар ин мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” баромад мекунад. Бозии якуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 22 июн бо ҳамсолонашон аз Испания доир мешавад. Дар даври дуюм дружинаи Зайниддин Раҳимов бо мунтахаби Қирғизистон ва дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бо мунтхабаи наврасони Қазоқистон рақобат мекунад.

Дар гурӯҳи “В” мунтахабҳои наврасони Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон баромад мекунанд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо бо ҳамдигарӣ дар як қисм бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ барандаи ҷомро муайян мекунанд. Дигар дастаҳо барои муайян кардани ҷойҳои боқимондаи мусобиқа рақобат мекунанд.

Ҷоизапулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 10 ҳазор, финалисти мусобиқа бо 6 ҳазор ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бо 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони зери 16 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Сироҷиддин Ҳусейнов («Помир»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизон: Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»), Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Маҳмадзарифӣ Абдураҳим (ҳар ду аз «Помир»);

НиммуҳофизонЗиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»), Фаридун Нематов, Исломиддин Ғоибов, Шамсулло Ҷӯраев, Шервони Мабатшоев, Искандар Солиев, Саидмухтор Азимов (ҳама аз  «Помир»);

Ҳамлагарон: Мубинҷон Муминов, Рамз Амрохонов, Аслам Камолов, Аваз Қамчинов (ҳама аз «Помир»).

Ҳайати роҳбарикунандаАнваршо Мирзоев – роҳбари гурӯҳ, Зайниддин Рахимов – сармураббӣ, Меҳроҷиддин Холов – менеҷер, Баҳодур Носиров – духтур.

 

8-умин мусобиқаи байналмилалии наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «А»: Қазоқистон, Испания, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.

Гурӯҳи «В»: Русия-2, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон.

Добавить комментарий