Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Сочи сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Сочи сафар кард

Мунтахаби наврасони зери сини 16-солаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ ба Сочӣ сафар кард. Мусобиқаи мазкур дар арафаи оғози Ҷоми Конфедератсия баргузор мешавад.

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқа бо худ 14 бозингарро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз онҳо 2 нафарашон дарвозабон, 5 нафарашон муҳофиз, 5 нафарашон нимуҳофиз ва 2 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Сочӣ аз 29 май то 2 июн доир мешавад, футболшбозони навраси Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон, Арманистон ва Кишвари Краснодар рақобат мекунанд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи “Юность” баргузор мешаванд ва давомнокии онҳо ду қисми иборат аз 40 дақиқагиро ташкил медиҳад.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа бозиҳо аз рӯи тартиби даврӣ дар як давр доир мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст ду дастаи беҳтарин барои мақоми аввал ва ду дастаи охирӣ барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.

Бозии якуми худро мунтахаби мо рӯзи 29 май муқобили мунтахаби Арманистон мегузаронад. Ин бозӣ соати 18.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи Сочӣ барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чмпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе доир хоҳад шуд. Дар ин марҳилаи интихобӣ ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои наврасони Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони зери сини 16-солаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбеков («Хуҷанд»), Фарҳод Ҷалилов («Локомотив-Помир»);

Муҳофизон: Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Меҳробҷон Азимов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрасул Литфуллаев («Барқчӣ»);

Ниммуҳофизон: Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Вахш»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Барқчӣ»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Анваршо Мирзоев – роҳбари ҳайати намояндагӣ, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сабур Саидов – шахси расмӣ, Баҳодур Носировв – духтур.

 

Тақвими бозиҳо дар мусобиқаи Сочи:

Даври 1-ум

29 май (душанбе)

13:00 – Краснодар – Қазоқистон

18:00 – Арманистон – Тоҷикистон

Даври 2-юм

30 май (сешанбе)

13:00  Краснодар – Тоҷикистон

18:00  Арманистон – Қазоқистон

Даври 3-юм

1 июн (панҷшанбе)

13:00 – Краснодар – Арманистон

18:00  Қазоқистон – Тоҷикистон

2 июн (ҷумъа)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

16:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Добавить комментарий