Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Хитой меравад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Хитой меравад

Дастаи мунтахаби наврасони то сини 16-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайнидин Раҳимов дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Хитой иштирок мекунад.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ, ки аз 11 то 15 июл дар шаҳри Вайнани Хитой доир мешавад, мунтахабҳои наврасони Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм доир мешавад ва ҳар даста бо якдигарӣ вомехӯранд.

Добавить комментарий