Мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии дуҷониба гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии дуҷониба гузаронд

Мунтахаби миллии Тоҷикистон барои бори аввал зери роҳбарии сармараббии нави худ Ҳаким Фузайлов дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷамъ омада бозии дуҷониба гузаронд.

Баъд аз шиносоӣ бо бозигарон Ҳаким Қаюмович бозигарони мунтахаби миллии кишварро ба ду даста – “сафедҳо” ва “сурхҳо” тақсим карда байнашон бозии санҷишӣ гузаронд.  Футболбозон Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Эргашев ва Ҷаҳонгир Алиев бо сабаби осеб доштан дар ин бозӣ иштирок накарданд.  Аз дақиқаҳои аввал дар ҳайати “сафедҳо” Алишер Додов, Дороб Эргашев, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвиз Кашкаров, Нуриддин Давронов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Манучеҳр Ҷалилов ба майдон баромаданд.

Қурбоналӣ Бобоев, Далерҷон Тухтасунов, Табрези Давлатмир, Идибек Ҳабибуллоев, Ҳасан Рустамов, Муҳсинҷон Парпиев, Иброҳим Рабимов, Амирбек Ҷӯрабоев, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов ва Комил Саидов бошанд дар ҳайати “сурхҳо” баромад карданд.

Қисми аввали бозӣ мусовӣ, бидуни гол ва қариб, ки бе созмон ёфтани лаҳзаҳои ҷолиби голзанӣ поин шуд. Аммо, дар қисми дуюм бозии “рақибон” пуршиддат ва ҷоизибтар шуд. Дар дақиқаи 61 партофи хуби Фатҳулло Фатҳулоевро Манучеҳр Ҷалилов бо гол анҷом дод. Баъд аз чор дақиқа Аҳтам Ҳамроқулов голи дуюми “сафедҳо”-ро ба самар расонд. Ду дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ ниммуҳофизи “Барқчӣ” Эҳсони Панҷшанбе, ки дар ин вохӯрӣ дар ҳайати “сурхҳо” баромад дошт ба задани гол муваффақ шуда, таносубро дар ҳисоби вохӯрӣ кӯтоҳтар сохт. Ба ин тартиб, то анҷоми бозӣ (спарринг ду қисми иборат аз 35 дақиқагӣ сурат гирифт) дигар ҳисоб тағйир наёфт.

Мақсади асосӣ аз баргузории ин ҷамъомад ва гузаронидани бозии дуҷониба аз наздик шинос шудани сармураббӣ Ҳаким Фузайлов бо бозигарон ва дар амал дидани онҳо буд. Дафъаи оянда мунтахаби миллии Тоҷикистон баъд аз бозиҳои даври навбатии чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъ хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 2-юм ва 7-уми июн мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои плей-офф барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш иштирок мекунад. Бозии аввал рӯзи 2-юми июн дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ рӯзи 7-уми июн дар Дакка баргузор хоҳанд шуд.

 

Бозии дуҷониба

Тоҷикистон (сафедҳо) – Тоҷикистон (сурхҳо) – 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 61 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 65 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 68 (2:1).

Тоҷикистон (сафедҳо): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвиз Кашкаров, Нуриддин Давронов (Фаридун Шарипов, 36), Аҳтам Ҳамроқулов, Манучеҳр Ҷалилов.

Тоҷикистон (сурхҳо): Қурбоналӣ Бобоев (Фатҳулло Бобоев, 36), Далерҷон Тухтасунов (Манучеҳр Ахмедов, 36), Табрези Давлатмир, Идибек Ҳабибуллоев, Ҳасан Рустамов, Муҳсинҷон Парпиев (Худойдод Узоқов, 36), Иброҳим Рабимов, Амирбек Ҷӯрабоев, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов, Комил Саидов (Эҳсони Панҷшанбе, 36).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

18 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобинон.

Добавить комментарий