Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бегоҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин ба Хеврон сафар мекунад. Бозии дӯстона бо Фаластин рӯзи сешанбеи 6-уми сентябр дар варзишгоҳи «Дура»-и Фаластин доир хоҳад шуд.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар ин сафар бо худ 18 бозигар – 2 дарвозабон, 5 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро ҳамроҳгирифтаст. Аз ин 18 футболбоз чор касашон дар дастаҳои футболи хориҷи мамлакат бозӣ мекунанд, ки инҳо дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), нимуҳофизон Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус) мебошанд.
Ҳайати намояндагии мунтахаби мили Тоҷикистон бегоҳи рӯзи 3-юми сентябр аз Душанбе ба Дубай парвоз мекунад. Аз Дубай мунтахаби мо тавассути хатсайри ҳавоии транзитӣ ба Аммани Урдун сафар карда, аз он ҷо бо автобус ба воситаи ҳудуди давлати Исроил ба Хеврони Фаластин раҳсипор мешавад.
Бозии дӯстона байни мунтахабҳои Фаластину Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 6-уми сентябр соати 18.00 бо вақти маҳалӣ, ки баробари соати 20.00 бо вақти Душанбе аст, дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Хеврон баргузор мешавад.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);
Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Ҳосилот»);
Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Фатҳулло Фатҳуллоев, Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳама аз «Истиқлол»), Умедҷон Шарипов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Ҳайати роҳбарикунанда: Улуғбек Каримов – менеҷер, Ҳаким Фузайлов – сармураббӣ, Виталий Левченко – мураббии омодагии ҷисмонӣ, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Александр Вохминтсев – духтур, Ҷамшед Хушмуродов – масҳгар, Иброҳим Валиев – маъмур, Фаридун Салиев – роҳбари дафтари матбуот.