Мунтахаби миллии Тоҷикистон бахайрият ба Хеврони Фаластин расид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии Тоҷикистон бахайрият ба Хеврони Фаластин расид

Имрӯз бегоҳӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Фаластин бахайрият ба Хеврон расид.

Сафар аз Душанбе то Хеврон бо назардошти тамоми интизориҳо дар фурудгоҳҳо, қариб ки як шабонарӯзро ташкил дод. Бегоҳи рӯзи шанбе мунтахаби миллии Тоҷикистон аз Душанбе ба Дубай парвоз кард. Аз Дубай мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Аммани Урдун ва аз Фурудгоҳи байналмилалии Амман бошад бо автобус то маҳалли гузаргоҳи назоративу санҷишии давлати Исроил расид. Баъди чор соати тафтиш дар ин маҳалли гузаргоҳи назоративу санҷишӣ ахиран дастаи мо тавассути ҳудуди давлати Исроил ба Хеврон расид. Роҳ аз сарҳади Исроил то меҳмонхонаи Хеврон бештар аз ду соат тӯл кашид.

Бо назардошти монда шудани бозигарон дар ин сафари тӯлонӣ сарумраббии мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов тамрини банақшагирифташударо манъ карда, ба бачаҳо истироҳат дод.

Ёдрас мешавем, ки сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар ин сафар бо худ 18 бозигар – 2 дарвозабон, 5 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро ҳамроҳгирифтаст. Аз ин 18 футболбоз чор касашон дар дастаҳои футболи хориҷи мамлакат бозӣ мекунанд, ки инҳо  дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), нимуҳофизон Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория) ва ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус) мебошанд.

Пагоҳ, 5 сентябр, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон тамрини пеш аз бозияшро хоҳад гузаронд. Бозӣ бо мунтахаби миллии Фаластин, ки дар раддабандии ФИФА мақоми 115-умро ишғол мекунад, рӯзи сешанбеи 6-уми сентябр дар ҳамин варзишгоҳ доир мешавад. Оғи бозӣ соати 18.00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20.00 ба вақти Душанбе) доир мешавад.

 

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду аз «Ҳосилот»);

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Фатҳулло Фатҳуллоев, Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳама аз «Истиқлол»), Умедҷон Шарипов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Улуғбек Каримов – менеҷер, Ҳаким Фузайлов – сармураббӣ, Виталий Левченко – мураббии омодагии ҷисмонӣ, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Александр Вохминтсев – духтур, Ҷамшед Хушмуродов – масҳгар, Иброҳим Валиев – маъмур, Фаридун Салиев – роҳбари дафтари матбуот.

Добавить комментарий