Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Бишкек расид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Бишкек расид

Тими милии Тоҷикистион зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Мубин Эргашев ҷиҳати иштирок дар бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби миллии Қирғизистон ба Бишкек расид. Бозӣ рўзи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзакови шаҳри Бишкек баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 19.00 бо вақти Душанбе.

Аз Душанбе ба Бишкек даста дар ҳайати 22 бозигар парвоз кард. Муҳофизатгари «Газовик»-и Оренбург Фарҳод Восиев дар Бишкек ба ҳайати даста ҳамроҳ мешавад. Дар Бишкек тими миллии мо дар меҳмонхонаи «Жаннат» қарор гирифт. Имрўз бегоҳӣ дружинаи Мубин Эргашев нахустин тамрини худро мегузаронад.  

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ Қирғизистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тўйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Манучеҳр Ахмедов («Ал-Аҳли», Баҳрайн), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);  

Ниммуҳофизон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳар ду аз  «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳар ду аз «Хуҷанд»).

Добавить комментарий