Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Эрон омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Эрон омодагӣ мегирад

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Эрон хоҳад гузаронид.

Ба иттилои менеҷери даста Комрон Шодиев, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Сарӣ, ки дар шимоли ин мамлакат ҷойгир аст, ҷамъомади таълимии худро мегузаронад. Ҷамъомад ҳафт рӯз идома меёбад ва мунтахаби футзали мо бо клубҳои футзали эронӣ ду бозии санҷишӣ мегузаронад.

Сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев барои иштирок дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ 15 нафар бозигаронро даъват кардаст, ки аз онҳо 4 нафарашон дарвозабон ва 11 нафари дигар бозигарони майдонӣ мебошанд. Ба ҳайати мунтахаби футзали кишвар,инчунин як бозигари легионр низ даъват шудааст. Мавсуф Андрей Георгиевскийи 31-сола аз клуби футболи хурди “Спартак”-и Москва мебошад (дар акс).

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016-рои мунтахабҳои футзали кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ доир мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани марҳилаи мазкур ба Конфедератсияи футболи Осиё дархости расмӣ пешниҳод намудаст.

Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади таълимӣ дар Эрон:

Дарвозабонҳо: Муродулло Аликулов («Газпром»), Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Шӯҳрат Бибудов, Фирӯз Юсуфзода (ҳар ду аз «Сипар»);

Бозигарони майдонӣ: Андрей Георгиевский (МФК «Спартак», Москва), Фурқатҷон Аҳмадҷонов, Некрӯз Алимаҳмадов (ҳар ду аз  «Сипар»), Мансур Мамедбабаев («Бонки миллӣ»), Муҳаммад Раҳмонов, Раҳмоналӣ Шарипов, Арсен Фармонбеков, Шавкат Ҳалимов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Дилшод Саломов, Меҳрубон Тиллозода, Акбарҷон Ортуков (ҳама аз «Газпром»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Комрон Шодиев – менеҷер, Ҳусейн Шодиев – сармураббӣ, Пайрав Вохидов – мураббии калон, Акбар Абдуллаев – таҳлилгар, Даврон Олимов – духтур.

Добавить комментарий