Мунтахаби миллии футболи Сурия ба Тоҷикистон омад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии футболи Сурия ба Тоҷикистон омад

Субҳи имрӯз, ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Сурия барои иштирок дар бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон ба Хуҷанд расид. Бозӣ рӯзи шанбеи 27-уми август, соати 17.00 дар Варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад. Варзишгоҳи мазкур 25 ҳазор ҷои нишаст дорад.

Ҳайати якуми намояндагии мунтахаби миллии Сурия аз ҳаждаҳ нафар, ки 14 нафарашон фуболбозанд, иборат аст. Ин ҳайат ба Тоҷикистон тавассути хатсайри ҳавоии Москва – Хуҷанд омад. Ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Сурияро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри хуҷанд намояндагони Федератсияҳои футболи Тоҷӣкистону вилояти Суғд пешвоз гирифтанд.

Ҳайати дуюми намояндагии тими миллии Сурия пагоҳ ба Тоҷикистон меояд. Пеш аз омадан ба Тоҷикистон тими миллии Сурия дар Лубнон ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ гузаронд.

Дар вилояти Суғд дастаи меҳмон дар меҳмонхонаи барҳавову озодаи Бонки миллӣ дар Гулистон ҷойгир шуд. Имрӯз, бегоҳӣ тими миллии Сурия дар Хуҷанд аввалин тамрини худро мегузаронанд.

Пагоҳ, 26 август, соати 10:30 дар маҷлисгоҳи Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон нишасти хабарӣ бо иштироки сурмураббиён ва як нафарӣ бозигарони ҳар ду даста баргузор мешавад.

Добавить комментарий