Мунтахаби Қирғизистон бо 20 нафар бозигарон ба Тоҷикистон омад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Қирғизистон бо 20 нафар бозигарон ба Тоҷикистон омад

Мунтахаби Қирғизистон зери роҳбарии мутахассиси россиягӣ Александр Крестинин ҷиҳати иштирок дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе омад. Ин бозии гурӯҳи “В” рӯзи 29 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Ба бозӣ муқобили Тоҷикистон Александр Крестинин ба Душанбе 20 нафар бозигаронро овардаст, ки аз онҳо 2 нафарашон дарвозабонҳо, 6 нафарашон муҳофизон, 10 нафарашон ниммуҳофизон ва 2 нафарашон ҳамлагарон мебошанд. Дар пойтахти Тоҷикистон ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Қирғизистон дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” ҷойгир шудааст.

Имрӯз бегоҳӣ соати 18:00 меҳмонони қирғиз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрини аввалини худро гузаронданд. Машғулиятҳо барои хабарнигорон ва мухлисон ба таври кушода сурат гирифта, бештар аз якуним соат идома ёфтанд. Муҳофизи марказии мунтахаби Қирғизистон Азамат Бойматов, ки дар клуби футболи “Ситра” (Баҳрайн) баромад мекунад, пеш аз дигарон машғулиятҳоро тарк намуда, аз майдон лангида берун шуд.

Рӯзи душанбеи 28 март, дар конфронс-толори “Брюссел”-и меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарии расмӣ бо иштироки сармураббиён ва як нафарӣ бозигарони ҳар ду даста доир мешавад. Аввалӣ шуда ба суолҳои хабрнигорон сармураббии тими миллии Қирғизистон Александр Крестинин ва дарвозабони даста Валерий Кашуба, ки соли гузашта дар “Хуҷанд” баромад мекард, посух медиҳанд. Баъд аз он дар нишасти хабарӣ ба пурсишҳои хабарнигорон мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон Роман Пилипчук ва ниммуҳофизи даста Нуриддин Давронов ҷавоб хоҳанд дод.

Бегоҳӣ бошад мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрини пеш аз бозияшонро мегузаронанд. Мунтахаби миллии мо соати 17:00 ва тими мещмон бошад соати 18:00 ба тамрин шурӯъ мекунанд. Понздаҳ дақиқаи аввали ин машғулиятҳо барои кормандони ВАО ба таври кушода доир хоҳад шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи сешанбеи 29 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Нархи билетҳои бозӣ  барои нишастгоҳҳои (VIP) 50 сомонӣ ва барои дигар минбарҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудаст.

 

Ҳайати мунтахаби миллии Қирғизистон ба бозӣ бо Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Павел Матяш («УиТМ», Малайзия), Валерий Кашуба («Дордой»);

Муҳофизон: Азамат Байматов («Ситра», Баҳрайн), Валерий Кичин («Тюмен», Россия), Виктор Майер («Меппен», Олмон), Курсан Шератов, Шерзот Шакиров, Дэниел Тэго (ҳама аз «Дордой»);

Ниммуҳофизон: Бахтияр Дуйшобеков («Крумкачи», Беларус), Фархат Мусабеков («Академия», Молдова), Эдгар Бернхардт («Ал-Оруба», Умон), Ахлидин Исраилов («Динамо-2», Украина), Антон Землянухин («Сисакет», Таиланд), Азиз Сидиқов, Ислам Шамшиев, Кайрат Жиргалбек уулу («Дордой»), Павел Сидоренко («Алга»), Мирлан Мурзаев («Афжет Афонспор», Туркия);

Ҳамлагарон: Виталий Люкс («Унтерхахинг», Олмон), Дэвид Тэтте («Дордой»).

Добавить комментарий