Мунтахаби футзали Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 шуд!

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 шуд. Дар даври ҷамъбастии мусобиқа футзалистони тоҷик бозиро бо Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 2 бохтанд. Баъд аз ин бозӣ мунтахаби футзали  Тоҷикистон бо чор имтиёз дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол кард. Мунтахаби футзали Қирғизистон бошад, бо панҷ имтиёз дар гурӯҳ соҳиби ҷои аввал шуд.

 

Чемпионати футзали Осиё-2016 . Марҳилаи интихобӣ. Минтақаи Осиёи Марказӣ. Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 2:3

Голҳо: Нуржан Джетибаев, 12 (1:0). Шавкат Ҳалимов, 20 (1:1). Руслан Ермеков, 25 (1:2). Еркин Табалдиев, 30 – ба дарвозаи дастаи худ. (2:2). Руслан Ермеков, 38 (2:3).

Тоҷикистон (ҳайати аввалӣ): Фирӯз Бекмуродов – Мансур Мамедбабаев, Меҳрубони Тиллозода, Некрӯз Алимаҳмадов, Дилшод Саломов.

16 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 1200 тамошобинон.

 

Афғонистон – Туркманистон – 5:3

Голҳо: Алӣ Мададӣ, 6 (1:0). Алӣ Фаёз, 12 (2:0). Алӣ Мададӣ, 14 (3:0). Максат Солтанов, 16 (3:1). Алӣ Мададӣ, 20 (4:1). Гурбанов, 24 (4:2). Гурбангули Аширов, 26 (4:3). Ҳуссайн Хадемӣ, 33 (5:3).

16 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 1200 тамошобинон.

    Б Ғ М Б Т И
1 Қирғизистон 3 1 2 0 6-5 5
2 ТОҶИКИСТОН* 3 1 1 1 11-11 4
3 Афғонистон 3 1 1 1 12-11 4
4 Туркманистон 3 0 2 1 7-9 2

* Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи бозии байниҳамдигарӣ аз Афғонистон пеш меистад.

Добавить комментарий