Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Қайроққум омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Қайроққум омодагӣ мегирад

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон марҳилаи охирони омодагии худро ҷиҳати иштирок дар сабқати интихобии чемпионати футзали Осиё-2016, дар Қайроққум мегузаронад. Мусобиқаи мазкур аз 14 то 16 ноябр дар Маҷмааи варзиши «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир хоҳад шуд.

Рӯзи душанбеи 2 ноябр футзалистони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Қайроққум оғоз карданд. Ба ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ Ҳусейн Шодиев 15 нафар бозигаронро даъват кардаст, ки аз онҳо 2 нафарашон дарвозабон ва 13 нафари боқимонда бозигарони майдонӣ мебошанд. Шумораи бештари аъзоёни мунтахаби футзали Тоҷикистон (7 нафар) бозигарони дастаи футзали «ДИСИ Инвест» мебошанд, ки соли дуюм аст паиҳам унвони чемпиони футзали малакатро соҳиб мешаванд.

Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Газпром»);

Бозигарони майдонӣ: Раҳмоналӣ Шарипов, Шавкат Ҳалимов, Ораз Ализода, Шерзод Ҷумаев, Арсен Фармонбеков, Собирҷон Гуляков (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Мансур Мамедбабаев, Дилшод Саломов, Меҳрубон Тиллозода («Газпром»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ТКБ «Лизинг»), Умед Мирзораҳимов («Сипар»), Фирдавс Тусматов («Самандар»).

Ёдовар мешавем, ки барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон доир мегардад, аз Минтақаи марказӣ мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон рақобат мекунанд.  Ҳаммаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир мешаванд.

Бозии ифтитоҳии худро футзалистони Тоҷикистон рӯзи 14 ноябр муқобили мунтахаби миллии футзали Афғонистон мегузаронанд. Дар даври дуюми мусобиқа, ки рӯзи 15 ноябр доир мегардад, дружинаи Ҳусейн Шодиев бо футзалистони Туркманистон рақобат мекунад. Дар даври ҷамъбастӣ бошад, рӯзи 16 ноябр дастаи мо бо мунтахаби футзали Қирғизистон рӯбарӯ мешавад. Ҳаммаи бозиҳо бо иштироки мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон соати 14.00 оғоз мешаванд. Аз гурӯҳ ду дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалии мусобиқа мешавад.

Чемпионати футзали Осиё – 2016. Марҳилаи интихобӣ. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

14 ноябр (шанбе)

11:00 – Қирғизистон – Туркманистон

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 2-юм

15 ноябр (якшанбе)

11:00 – Қирғизистон – Афғонистон

14:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

16 ноябр (душанбе)

11:00 – Афғонистон – Туркманистон

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Добавить комментарий