Дар доираи омодагӣ ба чемпионати минтақавии Осиё байни дастаҳои футболи духтарони то синни 14-сола, дар минтақаҳои Ҷануб ва Марказии Осиё, мунтахаби футболбодухтарони Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ машқии худро дар Норак хоҳад гузаронд.
Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии даста аз 6 то 18 феврал идома хоҳад кард. Сармураббии даста Зебо Гасимова ба ин чорабинӣ 24 футболбоздухтаронро даъват кардаст. Ба рӯйхати сармураббӣ бозигарони зерин шомил шуданд: Зебонисо Абдуллоева, Суман Қурбонова, Дилноза Мадисоева, Зарнигор Раҳмонова, Шукрона Хоҷаева (ҳама аз Сарбанд), Нилуфар Абдулҳаева, Матлюба Даминзода, Муаттара Раҳматуллоева, Саёҳат Раҷабова, Шукронаи Азимзода (ҳама аз Норак), Шаҳноза Ғафурова, Лайло Насрулло, Шарқия Бадалова (ҳама аз Турсунзода), Султонбӣ Давлатова, Дилноза Нурова (ҳар ду аз Фархор), Нушини Пайрав (Душанбе), Муҳайё Рафиева, Шукрона Тоҳирова, Меҳрона Файзуллоева (ҳама аз Қӯрғонтеппа), Қимматгул Солеҳова, Мафтуна Тоҷиева, Парвина Юсупова, Миҷгона Ҷалилова, Суман Ҳусейнова (ҳама аз Дӯстӣ).
Ёдрас мешавем, ки чемпионати минтақавии Осиё байни дастаҳои футболи духтарони то синни 14 сола дар минтақаҳои Ҷануб ва Марказии Осиё аз 18 апрел то 1 май дар Тоҷикистон хоҳад гузашт. Бозиҳо дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ва Академияи футболи клуби «Истиқлол» дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор доир мешаванд. Дар мусобиқа иштироки нуҳ даста дар назар дошта шудаст. Ба ғайр аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби футболбоздухтарони то синни 14 солаи Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал ва Шри-Ланка иштирок хоҳанд кард.