Мунтахаби Душанбе ғолиби Ҷоми гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Душанбе ғолиби Ҷоми гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев шуд

Дарҳол, баъд аз анҷоми мусобиқа байни наврасони соли таваллудашон 2002, ки бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев дар Алмосӣ доир гардид, мусобиқаи мазкур байни наврасони соли таваллудашон 2003 ташкил карда шуд.

Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва НТМ иштирок карданд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм гузашт. Дастаи мунтахаби Душанбе дар ҳамаи се бозӣ пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид. Мақоми дуюмро мунтахаби вилояти Суғд ва мақоми севумро мунтахаби вилояти Хатлон ишғол карданд.

Муиб Саидов (Суғд), Азиз Кенҷаев (НТМ), Ҳаким Ҳомидзода (Хатлон), Партулло Хуршедзода ва Салоҳиддин Иргашев (ҳарду аз Душанбе) беҳтарин бозигарони мусобиқа эътироф шуданд.

Қаблан, дар Алмосӣ ин мусобиқа байни наврасони соли таваллудашон 2002 баргузор гардид ва дар он низ дастаи шаҳри Душанбе ғолиб шуд.

Қобили қайд аст, ки мусобиқа барои гиромидошти ёдбуди Ислом Маҳмадшоев марҳилаи аввали интихоби истеъдодҳои наврас барои шомил шудан ба Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Академияи мазкур, дар наздиктарин фурсат фаъолияташро оғоз иекунад. Беҳтарин бозигарони солҳои таваллудашон 2002 ва 2003 таҳсилашонро дар Академия идома дода, маҳорати футболияшонро сайқал хоҳанд дод.

 

Мусобиқа байни наврасони соли таваллудашон 2003 бахшида ба гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев: 

Даври 1-ум

Душанбе – НТМ – 6:1

Суғд – Хатлон – 5:4

Даври 2-юм

НТМ – Хатлон – 0:2

Душанбе – Суғд – 9:1

Даври 3-юм

Суғд – НТМ – 3:1

Хатлон – Душанбе – 1:2

 

Ҷадвали мусобиқа

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Душанбе 3 3 0 0 17-3 9
2 Суғд 3 2 0 1 9-14 6
3 Хатлон 3 1 0 2 7-7 3
4 НТМ 3 0 0 3 2-11 0

Добавить комментарий