Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон ба чемпионати Осиё-2016 дар Норак омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон ба чемпионати Осиё-2016 дар Норак омодагӣ мегирад

Дастаи мунтахаби духтаронаи зери 14-солаи Тоҷикистон марҳилаи ҷамъбастии омодагии худро ба чемпионати минтақавии Осиё-2016 дар Норак мегузаронад. Чемпионати Осиё дар минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аз 26 апрел то 1 май дар Тоҷикистон доир мегардад.

Сармураббии мунтахаби духтаронаи то синни 14-солаи Тоҷикистон Зебо Гасимова барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишию машқии ҷамъбастии даста дар Норак 18 футболбоздухтарро даъват кардаст, ки аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 5 нафарашон муҳофизатгар, 6 нафарашон нимуҳофизатгар ва 4 нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Ба рӯйхати пурраи ҳайати даста бозигарони зерин шомил шуданд:

Дарвозабонҳо: Зиёда Ғафурова, Муаттара Раҳматуллоева, Шукронаи Азимзода;

Муҳофизон: Нилуфар Абдулҳаева, Шаркия Бадалова, Шаҳноза Ғафурова, Нӯшини Пайрав, Парвина Юсупова;

Ниммуҳофизон: Зебонисо Абдуллоева, Шукрона Хоҷаева, Лайло Насрулло, Суман Қурбонова, Гулшан Сафарова, Мафтуна Тоҷиева;

Ҳамлагарон: Матлубаи Даминзода, Дилноза Мадисоева, Муҳайё Рафиева, Сайёҳат Раҷабова.

Ҷамъомади омӯзишию машқии даста дар Норак то 24 апрел идома меёбад. Рӯзи якшанбе мунтахаби духтаронаи то синни 14 солаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чемпионати минтақавии Осиё-2016 ба Академияи футболи “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор мегузарад. Футболбоздухтарони тоҷик дар гурӯҳи “А” бо мунтахабҳои духтаронаи Эрон (26 апрел), Бутан (27 апрел) ва Қирғизистон (28 апрел) рақобат хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки мунтахаби духтаронаи мо дар Варзишгоҳи Академияи футболи “Истиқлол” дар Алмосӣ мегузаранд. Оғози бозиҳо соати 16:00.

Бозиҳои гурӯҳи “В” бо иштироки мунтахабҳои духтаронаи Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дар Варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт доир хоҳанд шуд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба бозиҳои ниманиҳоӣ мебароянд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 30 апрел доир мегарданд. Вохӯрии финалии чемпионати минтақавии Осиё-2016 дар Варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе доир хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 16:00.

Қайд мекунем, ки ҳамоҳангсози генералии мусобиқа, намояндаи КФО Сэлли Ким  аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Вазифаи нозирии доварони мусобиқаро  Хурфорд Джакуи аз Австралия ва Зуо Хиуди аз Хитой ба зимма доранд. Комиссари бозиҳо Кристина Мартинез Рамос аз Филиппин ва Париа Шаҳриярӣ аз Эрон таъин шуданд.

Бозиҳои мусобиқаро доварони зерин хизматрасонӣ мекунанд: Джая Чакма (Бангладеш), Кинзанг Чоден (Бутан), Пхурки Лхаму Бхутиа, Решме Четтри, Косум Манди (ҳама аз Ҳиндустон), Фатимех Газмех, Элхам Кироматшоар, Нигар Абулхасанзадеширази (ҳама аз Эрон), Рамина Тсой, Вероника Бернатская (ҳама аз Қирғизистон), Майя Лама, Анджана Рай (ҳама аз Непал), Қурбонгул Қурбонова ва Евгения Эйзингер (ҳар ду Тоҷикистон).

 

Чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола

Минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

Ҳамоҳангсози генералӣ – Сэлли Ким  (Кореяи Ҷанубӣ).

Дастурдиҳандаи доварон – Хурфорд Джакуи (Австралия), Зуо Хиуди (Хитой).

Комиссарони бозиҳо – Кристина Мартинез Рамос (Филиппин), Париа Шаҳриярӣ (Эрон).

Хадамоти хизмати тиббӣ – Шаҳноз Бегум Путул (Бангладеш).

Доварон – Джая Чакма (Бангладеш), Кинзанг Чоден (Бутан), Пхурки Лхаму Бхутиа, Решме Четтри, Косум Манди (ҳама аз Ҳиндустон), Фатимех Газмех, Элхам Кироматшоар, Нигар Абулхасанзадеширази (ҳама аз Эрон), Рамина Тсой, Вероника Бернатская (ҳама аз Қирғизистон), Майя Лама, Анджана Рай (ҳама аз Непал), Қурбонгул Қурбонова ва Евгения Эйзингер (ҳар ду Тоҷикистон).

 

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

26 апрел (сешанбе)

13:00 – Қирғизистон – Бутан. Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Ҳиндустон – Бангладеш. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

 

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

13:00 – Эрон – Қирғизистон. Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

 16:00 – Бутан – ТОҶИКИСТОНҲисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

 16:00 – Непал – Ҳиндустон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

 

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – 1 «В» – 2 «А». Душанбе, варзишгоҳи  «Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Финал. Душанбе, варзишгоҳи  «Авиатор»

Добавить комментарий