Мунтахаби Бангладеш ба Душанбе расид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Бангладеш ба Душанбе расид

Имрӯз мунтахаби миллии Бангладеш ҷиҳати иштирок дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 муқобили мунтахаби Тоҷикистон тавассути хатсайри ҳавоии транзитии Дубай-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон расид.

Сармураббии мунтахаби миллии Бангладеш Фабио Лопес бо худ ба Душанбе 23 нафар бозигаронро ҳамроҳ овардаст, ки аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 9 нафарашон муҳофизатгар, 6 нафарашон нимммуҳофизатгар ва 5 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Шумораи бештари аъзоёни тими миллии Бангладеш (12 нафар) бозигарони бошгоҳи футболи “Шайх Ҷамол Дханмонди” ҳастанд.

Ҳайати намояндагии мунтахаби миллии Бангладеш дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” ҷойгир шуд ва давоми будубоши худ дар Тоҷикистон дар ин меҳмонхона истиқомат хоҳад кард. Пагоҳ соати 15:30 дружинаи Фабио Лопес аввалин тамрини худро дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Бангладеш рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Вазишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 17:00. Чиптаҳои дараҷаи аввал барои сектори сабзи нишастгоҳи ғарбӣ 50 сомонӣ, дараҷаи дувуми сектори сабзи нишастгоҳи ғарбӣ  20 сомонӣ ва барои дигар минбарҳои варзишгоҳ – шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ 10 сомонӣ арзиш доранд.

 

Ҳайати мунтахаби миллии бангладеш дар бозӣ муқобили Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Мухаммад Шахидул Алам («Шейх Джамал Дханмонди»), Руссел Махмуд Литон («Шейх Рассел Крира Чакра»), Ашрафул Ислам Рана (СК «Мохаммедан»);

Муҳофизон: Райхан Хасан, Ясин Хан, Мухаммад Насируддин Човдури, Ямин Ахмед Човдури Мунна (ҳамма аз «Шейх Джамал Дханмонди»), Насирул Ислам Насир, Емон Махмуд (ҳар ду аз «Дакка Абахани»), Файзал Махмуд («Бразерс Юнион»), Вали Файзал («Шейх Рассел Крира Чакра»), Касто Кумер Бош («Шейх Джамал Дханмонди»);

Ниммуҳофизон: Мамунул Ислам Мамун, Сохел Рана, Хемонта Винсент Бисвас, Джамал Бхуян, Масук Миах Зони (ҳамма аз «Шейх Джамал Дханмонди»), Шахедул Алам Шахид («Дакка Абахани»);

Ҳамлагарон: Мухаммад Токлис Ахмед, Мухаммад Шакават Хоссайн Рони (ҳар ду аз «Шейх Джамал Дханмонди»), Аминур Рахман Саджиб («Дакка Абахани»), Абдул Батен Моджумдер Комал, Мухаммад Набиб Невадж Зибон (Team Bangladesh Jute Mills Corporation).

Добавить комментарий