Мунтахаби Австралия ба Душанбе расид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Австралия ба Душанбе расид

Чемпиони феълии футболи Осиё мунтахаби миллии Австралия ҷиҳати иштирок дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ба Душанбе омад.

Мунтахаби Австралия ба Тоҷикистон тавассути хатсайри чартерӣ аз Дубай парвоз кард. Сармураббии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу  ба бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон бо худ 23 бозигарро ҳамроҳ овардаст, ки  аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 7 нафарашон муҳофизатгар, 7 нафарашон нимммуҳофизатгар ва 6 нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Қобили қайд аст, ки австралиягиҳо бо худ ошпазашонро низ ҳамроҳ оварданд. Мунтахаби Австралия дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Шератон” ҷойгир шудаст ва давоми будубоши худ дар Тоҷикистон он ҷо истиқомат мекунад. Тамрини аввалини худро дастаи Постекоглу дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ пагоҳ, 6 сентябр, мегузаронад.

Ёдовар месозем, ки баъд аз вохӯрии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18.00 доир мегардад, инчунин миёни мухлисон бозии лотореяи варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S ба бозӣ гузошта мешаванд.

Ҳайати мунтахаби Австралия дар бозӣ бо Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алекс Стисак («Лейтон Ориент», Англия), Адам Федеричи («Борнмут», Англия), Юджин Галекович («Аделаида Юнайтед», Австралия);

Муҳофизон: Азиз Бехич («Бураспор», Туркия), Джейсон Дэвидсон («Хаддерсфилд Таун», Англия), Тарек Элрих («Аделаида Юнайтед», Австралия), Райан Макгоуэн («Данди Юнайтед», Шотландия), Мэттю Шпиранович («Ханчжоу Гринтаун», Хитой), Алекс Уилкинсон («Чонбук Хёндэ Моторс»,  Кореяи Ҷанубӣ), Бейли Райт («Престон Норд Энд», Англия);

Ниммуҳофизон: Джексон Ирвайн («Рос Каунти», Шотландия), Массимо Луонго («Куинз Парк Рейнджерс», Англия), Мэтт Маккей («Брисбен Роар», Австралия), Марк Миллиган («Бани Яс», ИМА), Аарон Муй («Мелбурн Сити», Австралия), Том Рогич («Селтик», Шотландия), Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия);

Ҳамлагарон: Натан Бёрнс («Токио», Япония), Тим Кэхилл («Шанхай Шэнхуа», Китай), Мэттю Леки («Инголштадт», Олмон), Кристофер Икономидис («Латсио», Италия), Бен Халлоран («Хайденхайм», Олмон), Томми Оур ( агенти озод).

Сармураббӣ – Ангелос Постекоглу.

_DSC5769_DSC5774_DSC5789_DSC5796 Betsoft gratis gokkasten op Pinterest – Busjes, Wraak en Gladiatoren

Добавить комментарий