Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз ИМА бозиҳои дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз ИМА бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 мунтахаби ҷавонони зери 19-соли Тоҷикистон барои баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ва бозиҳои дӯстона ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳиддаи Араб сафар мекунад.

Дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Дубай, ки аз 9 то 16 апрели соли ҷорӣ идома мекунад, дастаи мунтахаби мо бо ҳамсолони худ аз ИМА ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 9 ва 11 апрел баргузор мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19 сол аз 18 октябр дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекаси, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги давлати Индонезия доир мешавад. Ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъди қуръакашии мусобиқа, ки аввали моҳи май баргузор мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Добавить комментарий