Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони эронии худ ду бозии санҷишӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони эронии худ ду бозии санҷишӣ мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 имрӯз, 13 сентябр,  мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишю машқӣ ба давлати Эрон сафар кард.

Дар Теҳрон дружинаи Салоҳиддин Ғафуров бо мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Эрон ду бозии санҷишӣ мегузаронад. Ба гуфти менеҷери даста Меҳроҷиддин Холов, бозии якум рӯзи чоршанбеи 16 сентябр ва бозии дуюм рӯзи шанбеи 19 сентябр доир мешавад. Барои иштирок дар ин ҷамъомади таълимию машқӣ, ки як ҳафта давом мекунад, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров 24 нафар бозигаронро даъват кардаст. Аз ин ҳайат 2 нафарашон дарвозабон, 7 нафарашон муҳофизатгар, 9 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 6 нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Мақсад аз баргузории ин ҷамъомади омӯзишию машқӣ, баромади бомуваффақият дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 аст. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “F”-и ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ иштирок мекунад. Рақибони ҷавонони мо дар гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Молдив ҳастанд. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” аз 2 то 6 октябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ғолибони гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷои дуюм роҳхат мегиранд.

Агар мунтахаби Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа мебошад, дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё  ба қатори панҷ дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаашон беҳтари гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми нишондиҳандааш беҳтар ба марҳилаи финалии сабқат роҳ меёбад.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишию машқӣ дар Эрон:

Дарвозабонҳо: Бехрӯз Хайриев, Шаҳром Исмоилов (ҳар ду аз «Вахш»);

Муҳофизон: Алишер Сафаров, Абубакр Азимов, Табрези Давлатмир, Наврӯз Абдул, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Баротов (ҳама аз «Вахш»), Алишери Ҳотам (КМВА «Помир»);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Шарипов, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков, Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама аз «Вахш»), Амирҷон Сафаров («Истиқлол»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Барқи тоҷик»);

Ҳамлагарон: Саидҷон Шарипов, Нуриддин Ҳамроқулов, Ҳиматулло Малодӯстов, Азиз Бегов (ҳама аз «Вахш»), Суннатулло Холов («Равшан»), Рустам Толибов (КМВА «Помир»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Мехроҷиддин Холов – менеҷер, Салоҳиддин Ғафуров – сармураббӣ, Рустам Хоҷаев – мураббии калон, Никола Лазаревич – мураббии омодагии ҷисмонӣ, Мухтор Қурбонов – мураббии дарвозабонҳо, Абдусаттор Қаландаров – духтур, Ҷамшед Хушмуродов – масҳгар, Иброҳим Валиев – маъмур.

Добавить комментарий