Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: омодагиҳо идома доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: омодагиҳо идома доранд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони солҳои тавалудашон 1994), зери роҳбарии мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук, омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод- 2016 идома медиҳад. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербург мегузарад.

Мунтахаби ҷавонони мо ба ин мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тайёрӣ мебинад. Тамринҳо аз рӯи нақшаи омодагӣ доир мешаванд. Дар машғулиятҳо ҳамаи 24 нафар бозигарон иштирок доранд. Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии даста то 30 декабр давом мекунад. Дар рӯзи охири омодагӣ баргузории як бозии санҷишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо ҳамсолони худ аз кишварҳои Россия, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербур доир мешаванд.

Добавить комментарий