Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург парвоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург парвоз кард

Субҳи имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилали Ҷоми Итиҳод-2016 ба Санкт-Петербурги Россия сафар кард. Мусобиқа аз 17 то 23 январ доир хоҳад шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ин мусобиқа бо ҳайати намояндагӣ дар шумори 25 нафар сафар кард. Аз ин шумора 19 нафарашон бозигарон ҳастанд. Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Роман Пилипчук дар ин сафар бо худ 3 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 2 ҳамлагарро ҳамроҳ гирифтаст.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои ҷавонони Россия, Эстония ва Латвия рақобат мекунад. Бозии аввали худро дружинаи Роман Пилипчук рӯзи 17 январ муқобили мунтахаби ҷавонони Россия мегузаронад. Мувофиқи низомномаи мусобиқа дастаҳои зинаҳои якуми гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд. Барои медалҳои биринҷии мусобиқа бошад, дастаҳои зинаҳои дуюми гурӯҳҳо рақобат мекунад. Дастаҳои зинаи сеюми гурӯҳҳо барои мақоми панҷум ва зинаҳои охири гурӯҳ барои ҷои ҳафтум талош мекунанд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар Ҷоми Иттиҳод-2016:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳар ду аз «Вахш»);

Муҳофизон: Алишер Шарипов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Сохибҷон Ҳакимов («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Наврӯз Абдул (ҳар ду аз «Вахш»);

Ниммуҳофизон: Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев  (без клуба);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Улуғбек Каримов – менеҷер, Роман Пилипчук – сармураббӣ, Рустам Хоҷаев – мураббӣ, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Ҷамшед  Хушмуродов – духтур, Иброҳим Валиев – маъмур.

 

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Россия, ТОҶИКИСТОН.

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

14:00 – Беларус – Қиризистон
16:15 – Қазоқистон – Молдова
18:30 – Латвия – Эстония
21:00 – Россия – ТОҶИКИСТОН

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус
18:30 – ТОҶИКИСТОН – Эстония
21:00 – Россия – Латвия

Даврит 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – ТОҶИКИСТОН
21:00 – Эстония – Россия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷои 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷои 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷои 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Добавить комментарий