Мухлисон мунтахаби наврасонро самимона истиқбол карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Мухлисон мунтахаби наврасонро самимона истиқбол карданд

Субҳи имрӯз ҳайати намояндагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баъди иштирок дар Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона ба ватан баргашт. Дастаро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мухлисони зиёде самимона истиқбол карданд.

“Ба мухлисонамон барои истиқболи гарму ҷӯшонашон изҳори сипос мекунам, – мегӯяд роҳбари ҳайати намояндагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Анваршо Мирзоев. – Барои дастгирияшон ташаккури зиёд. Фикр мекунам, доварии ноодилонаи довари қазоқ Галимжан Кенжалинов дар бозӣ бо Қазоқистон тамоми мухлисонро дар атрофи дастаи мо муттаҳид кард. Бори дигар ба шумо барои дастгирии самимонаатон ташаккур!”.

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов дар навбати худ чунин қайд кард: “Бисёр хуш аст, ки моро ба ин тарз истиқбол мекунанд. Ба мухлисон барои дастгирияшон, барои суханони самимияшон ва барои ҳама вақт ҳамроҳи дастаи мо буданашон аз ҷониби даста ташаккур баён мекунам. Иштирок дар Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона, барои дастаи мо ҳамчун давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016, ки моҳи ноябр дар Қатар доир мегардад, маҳсуб меёбад. Дар ин марҳила вазифаи дастаи мо баромадан ба қисмати ниҳоии мусобиқа мебошад, ки мо барои амалӣ намудани он сидқан кӯшиш хоҳем кард”.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисон барои дастгирӣ ва истиқболи самимонаи мунтахаби наврасон дар фурудгоҳ изҳори сипосгузорӣ менамояд. Ташаккур барои дастгирӣ ва футболи тоҷикро мухлисӣ карданатон! Мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем ва албатта қуллаҳои баландро фатҳ мекунем!!!

Добавить комментарий