Дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе, ки иштирок карданаш дар чемпионати Тоҷикистон зери суол қарор дошт, хушбахтона дар мавсими имсолаи футбол байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад.
Рӯзи шанбе ба Федератсияи футболи Тоҷикистон аз номи Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мактуби расмӣ ворид шуд, ки бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ имсол КМВА «Помир» дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ иштирок карда наметавонад.
Аммо рӯзи душанбе ин мушкили дастаи артиш қаноатбахш баррасӣ шуд. Дар ин мавзӯ сардори даста Хабир Давлатов ба торнамои расмии Федератсияи футболи кишвар чунин хабар дод: «Мехоҳам аз номи мураббиёну бозигарони даста ба сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат барои расидагияшон ба мушкили дастаи мо сипосгузорӣ намоям. Дастаи мо пароканда намешавад ва дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад. Бори дигар мехоҳам аз номи даста ба роҳбарони ФФТ миннатдорӣ баён кунам. Дар нигоҳдошт ва таъмини иштироки дастаи мо дар мавсими имсолаи футбол, пеш аз ҳама саҳми ФФТ беандоза аст».