Мубин Эргашев: «Омадани «Локомотив» ба Душанбе муваффақияти бузург аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: «Омадани «Локомотив» ба Душанбе муваффақияти бузург аст»

Сармураббии «Истиқлол» Мубин Эргашев ва капитани даста Нуриддин Давронов дар нишасти хабарии пеш аз бозии байналмилалии дӯстона бо «Локомотив»-и Москва назари худро нисбати вохӯрӣ баён карданд. Бозӣ рӯзи 26-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. 

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол»:

– Ба Душанбе ташриф овардани клуби футболи «Локомотив» (Москва) кори хеле бузург ва барои мухлисони футболи тоҷик иди ҳақиқии футбол аст. Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба дӯст ва ҳамтои худ Игор Черевченко барои мувофиқату мусоидаташон дар баргузории ин бозӣ изҳори сипосгузорӣ баён намоям. Новобаста ба оне, ки “Локомотив” давраи омодагиро ба мавсими нав ба тозагӣ оғоз намудаст, онҳо вақт ҷудо карда ба Душанбе омаданд. “Локомотив” яке аз грандҳои футболи Россия мебошад. Боварӣ дорам имрӯз иди ҳақиқии футбол мешавад ва ҳар ду дастаҳо бозии хуб нишон медиҳанд. Бозӣ, албатта, ба мухлисон писанд меафтад.

Нуриддин Давронов:

«Локомотив»  яке аз пурқувваттарин клубҳои футболи Россия мебошад. Новобаста ба оне, ки ин бозӣ мақоми дӯстона дорад, дастаи мо ба ин бозӣ омодагии хуб дидааст. Боварӣ дорам, ки ҳамаи бачаҳо барои натиҷаи хубро соҳиб шудан кӯшиш мекунанд. Аз номи даста тамоми мухлисону ҳаводорони футболи тоҷикро ба ин бозӣ даъват мекунам. Боварӣ дорам, ки имрӯз бисёр бозии шавқовару ҷолиб ва тамошобобу диданӣ мешавад.

Добавить комментарий