Мубин Эргашев: “Намедонам, ки аз ин мусовӣ шодӣ кунам ва ё эҳсоси озурдагӣ” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Намедонам, ки аз ин мусовӣ шодӣ кунам ва ё эҳсоси озурдагӣ”

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ, мусовии дастаашро бо мунтахаби Қирғизистон (2:2) дар доираи даври панҷуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 шарҳ дод.

– Мехоҳам дастаи ҳарифро ба бозии хубаш табрик кунам, – оғоз намуд суханашро Мубин Эргашев. – Дар бораи бозӣ бошад ҳаминро гуфтаниям, ки мо мунтахаби Қирғизистонро хуб омӯхтем ва интизор ҳам доштем, ки бозии онҳо тавассути ҷаноҳҳо (фланги) сурат мегирад ва имрӯз низ ҳамин тавр шуд. Дар қисми дуюм бошад, мо беҳтар бозӣ кардем. Росташро гӯям ман намедонам, ки аз ин мусовӣ шодӣ кунам ё эҳсоси озурдагӣ. Голи дуюми ба дарвозаи мо задашударо беҳтараш шарҳ намедиҳам…

– Дар бораи рафтори бозигаронатон, ки бо корти зард огоҳонида шуданд ва ҳатто кадоме аз онҳо баъди ба дарвозаи шумо таъин шудани пеналти доварро таҳдид ҳам кард, чӣ гуфта метавонед?

– Ягон хел таҳдид набуд. Фақат баъзе бачаҳо эҳсосоташонро идора карда натавонистанд. Мо ин мавзуро дар дохили даста муҳокима хоҳем кард. Вақте ки бозигар тамоман ба бозӣ дода шудааст, эҳсосоташро контрол кардан мушкилтар аст. Ва ман онҳоро гунаҳкор намекунам. Имрӯз бачаҳои мо матонату қавииродаги зоҳир карданд. Новобаста ба оне ки ду нафар бозигарони калидиямон осеб бардоштанд, бозигарон то охир дастҷамъона ҷаҳду талош карданд. Барои ин матонаташон ман танҳо ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён мекунам.

– Ба шумо чунин нанамуд, ки мунтахаби Қирғизистон имрӯз бисёр дурушт (жестко) бозӣ кард?

– Чунин намуд. Дуруштӣ дар футбол бояд ҷой дошта бошад, аммо он набояд ба ҳадди дағалӣ расад. Ман чунин намушоморам, ки бозигарони дастаи шумо ин ҳамаро қасдан карда бошанд, аммо аз берун бисёр нохуш ба назар мерасид. Пеш аз ҳама, осеби ба бозигари мо Нуриддин Давронов расидаро қайд карданиям, ки ӯро ба иборае ду маротиба ба по хезондем. Ба мо зарур шуд, ки ба бозии даста тағийрот ворид кунем. Мо оғози бозиро ин тавр интизор набудем.

– Ба фикри шумо ҳисоб ба бозӣ мувофиқ аст?

– Ман қаблан ҳам гуфтам, ки намедонам аз ин натиҷа шодӣ кунам ё изҳори озурдагӣ. Мутаассифона, агар андаке дигар истодагарӣ мебуд, ғалаба ҳам мекардем.

– Зарбаи пеналтии ба дарвозаи дастаи шумо таъин намудаи довари бозиро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Ман, умуман, кори доваронро шарҳ намедиҳам – ин яке аз тартиботҳои ман аст. Аммо дар собиқаи кории худ бори аввал мебинам, ки баъд аз анҷоми вақти ба бозӣ изофашуда, довари канорӣ чунин масъулияти муҳимро ба зиммаи худ мегирад. Бо вуҷуди он ки айни ҳол дар бораи будан ва ё набудани пеналти чизе гуфта наметавонам, зеро ба баррасии он фурсат надоштем. Фикр мекунам, ки дар хати ҳимоя моро хунсардонатар бозӣ карданамон зарур буд. Бачаҳо хуб медонистанд, ки бозӣ охир шуда истодааст ва онҳо ҳаргиз вазъро чунин мушкил намекарданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки бозигари шумо пушт ба дарвоза буд ва ҳеҷ хавфе барои задани гол ҷой надошт.

Голи якуми шогирдони худро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Агар боз сари бозии дағалона баргардем, дар қисми якум ду маротиба бозигарони мунтахаби Қирғизистон ҳангоми соҳиби тӯб будан, нисбати бозигарони мо қоидаро вайрон карданд. Онҳо бояд мувофиқи қоидаи “Фейр-плей” тӯбро аз майдон берун мекарданд. Вақте ки бозигари шумо дар майдон ёзида буд, бо тӯб бозигарони дастаатон соҳиб буданд ва ҷои тӯбро аз майдон берун кардан, бозиро идома дода ба ҳуҷум гузаштанд. Ман нисбати шогирдони худ чизе гуфта наметавонам, онҳо фақат лаҳзаи бозиро то охир бозӣ карданд.

– Ба шумо чунин наменамояд, ки лаҳзаи аввали тӯб ба дасти муҳофизи дастаатон расидан, нисбат ба пеналтии дар сонияҳои охири бозӣ ба дарвозаи дастаатон таъингашта, бештар ба ҳақиқат наздиктар буд?

– Ман кори доваронро шарҳ намедиҳам, аммо ин ҷо ҳақ ҷониби шумо аст. Беҳтараш довар дар мавриди аввал пеналти таъин мекард.. .

Дар охир бори дигар ба ташкилкунандагони бозӣ барои меҳоннавозияшон сипосгузорӣ баён мекунам. Ба дастаи шумо дар бозиҳои оянда, фақат ба ғайр аз бозиҳо муқобили дастаи мо, барору комёбиҳоро таманно дорам!

Добавить комментарий