Дар арафаи баргузории бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё байни “Триполи” (Лубнон) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) нишасти хабарӣ доир гардид, ки дар он ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо посух доданд. Фишӯрдаи нишасти хабариро сомонаи расмии клуби футболи пойтахт пешкаш мекунад.
Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол»:
– Мо ахбороти заруриро ба даст оварда, ҳарифро ба таври кофӣ омӯхтем. Айни замон клуби “Триполи” дар чемпионати Лубнон зинаи ҳафтумро ишғол мекунад, ки аз нигоҳи инфиродии ман бояд бо ин сатҳи бозие, ки бозигарони даста доранд, болотар бошанд. Инчунин мехоҳам баён созам, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дастаҳои заиф нестанд. Ман сармураббии “Триполи”, мутахассиси суриягӣ Низар Махрусро бисёр хуб медонам. Мо бо он кас аз рӯи фаъолият дар мунтахабҳои миллӣ чандин маротиба рӯбарӯ шудаем. Мехоҳам чанд нафар бозигарони “Триполи”-ро алоҳида баён кунам. Инҳо, пеш аз ҳама, капитан, дарвозабон, ду нафар ниммуҳофизони канорӣ ва легионерони даста мебошанд. Моро бозии душвор дар пеш аст ва ман аллакай инро ба бозигрони худ гуфтам.
Никола Стошич, дарвозабони «Истиқлол»:
– Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ гирифтем ва ба ин ҷо барои соҳиб шудан ба се имтиёз омадем. Мо мехоҳем ғалаба шавем ва барои ин аз тамоми имкониятҳо истифода мекунем, ки вазифаи дар назди худ гузоштаамонро амалӣ созем.
Низар Махрус, сармураббии «Триполи»:
– Мо ба имкониятҳои “Истиқлол” хуб шинос ҳастем. “Истиқлол” дастаи пурқувват ва хубе аст, ки ба муаррифӣ ниёз надорад. Клуби футболи Тоҷикистон дар мавсими соли гузаштаи ин мусобиқа бо ҳарифони тавоно исбот намуд, ки хеле ҷиддӣ аст. Мо ба “Истиқлол” эҳтироми зиёд дорем, аммо худ низ мақсаду ҳадафи соҳиб гардидан ба натиҷаи дилхоҳро мекунем. Бо назардошти оне, ки дар даври аввал мо мағлуб гардида се имтиёзро аз даст додем, дар ин бозӣ танҳо барои ғолиб омадан ва соҳиб шудан ба се имтиёз талош хоҳем кард.