Мубин Эргашев: “Мо бартариҳои худро бо гол анҷом карда натавонистем” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Мо бартариҳои худро бо гол анҷом карда натавонистем”

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи “В” бо “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ (0:1) назари худро оиди вохӯрӣ баён намуд. Голи ягонаро дар бозӣ дар дақиқаи 90+2 ҳамлагари меҳмонон Ҷасим Муҳаммад зад.

 

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”:

– Пеш аз ҳама мехоҳам ба ҳамаи он мухлисоне, ки имрӯз ба варзишгоҳ омада моро дастгирӣ намуданд, сипосгузорӣ баён созам. Дарвоқеъ, дастгирӣ аз ҷониби мухлисон баръало буд ва фикр мекунам бачаҳо низ онро ҳис карданд. Дар давоми ду қисм бозӣ таҳти контроли мо буд ва пайваста ҳамла низ мекардем. Аммо барои натиҷаи бозӣ бошад, ҳозир ман наметавонам ягон нафар бозигари худро гунаҳкор ҳисоб кунам. Ҳамаи бачаҳо хоҳиши ғалаба карданро доштанд.худатон дидед, ки аз ҳама ҷиҳатҳо дар ин бозӣ бартарият ҷониби дастаи мо буд. Мутаассифона, мо бартариҳои худро ба гол анҷом карда натавонистем. Ҳариф бошад, лаҳзаи созмондодаашро истифода карда ба задани гол муваффақ шуд. Аламовару дардовар,  аммо чӣ мекунӣ, ки футбол ҳамин аст. Дар футбол қонуни нонавиштае вуҷуд дорад, ки агар гол назадӣ, голат мезананд. Дар бозии имрӯза бошад, бори дигар дурустии ин қонуни нонавиштаи футболӣ исбот шуд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ду бозии боқимонда хуб бозӣ кунем, агарчӣ барои аз гурӯҳ баромадн тамоми имкониятҳоро аз даст додем.

Добавить комментарий