Сармураббии “Истиқлол”-Душанбе Мубин Эргашев дар нишасти хабарии пас аз бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми АФК-2015 бо “Паҳанг”-и Малайзия назари худро нисбати вохӯрӣ баён сохт. Бошгоҳи футболи пойтахти Тоҷикистон дар ин бозӣ аз “Паҳанг” бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуд, аммо аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (5:3) соҳиби роҳхат ба марҳилаи нимниҳоии ин мусобиқаи бонуфузи баналмилалӣ гардид. Дар бозии якум дар Душанбе командаи Мубин Эргашев ба дарвозаи “Паҳанг” чор голи беҷавоб зада буд.
“ Мо комилан ба чунин бозӣ омода будем, интизор доштем, ки бозӣ хеле душвор мешавад, – оғоз намуд Эргашев. – Мутаассифона, бозигарони мо ҳолатҳои голзании созмондодаашонро амалӣ карда натавонистанд. Умедвор шуданд, ки дар хати пеш қавитар бозӣ мекунанд, аммо ҳолатҳои хуби голзаниро истифода накардани онҳо сабаби бохтамон шуд. Аммо мо хеле хурсанд ҳастем, ки аз рӯи натиҷаи ду бозӣ ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтем. Ин барои футболи тоҷик хеле дастоварди бузург аст ва бо истифода аз лаҳзаи муносиб тамоми мардуми азизи Тоҷикистонро ба ин муваффақияти калон муборакбод мекунам. Дар ҳайати “Паҳанг” бошад бозигарони пурқувват бозӣ мекунанд. Бахусус, ҳамлагари даста Диксон Нвака аз лиҳози техникӣ хеле хуб бозӣ кард. Ба муҳофизони мо мушкили зиёд овард. Аммо ман нисбати бозӣ шикоят надорам. Танҳо аз он мутаассуфам, ки аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Сифати майдон ҳам хуб набуд ва андаке ба рафти бозӣ халал ворид кард. Мо бохабарем, ки дар бозии нимниҳоӣ бо бошгоҳи футболи СК “Кувайт”-и Кувайт рақобат мекунем. Аммо имрӯз дар ин мавзу фикр намекунем, дар ин бора пагоҳ фикр хоҳем кард” – гуфт, сармураббии бошгоҳи футболи пойтахти кишвар Мубин Эргашев.