Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъин шуд

Устоди дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. Эргашевро дар ин вазифа мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилупчук, ки дорандаи муҷаввизи мураббигарии “Pro” мебошад, кӯмак мерасонад.

Мубин Эргашеви 41-сола тими миллии кишварро ба бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 омода мекунад. Бозии навбатии худро дар доираи ин мусобиқа мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо чемпиони феълии Осиё мунтахаби Австралия мегузаронад.

Қайд мекунем, ки Мубин Эргашев дар ин вазифа Муҳсин Муҳаммадиевро иваз намуд. Муҳаммадиев баъди баромади бебарори тими миллӣ дар ду бозии аввали марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 аз вазифа истеъфо дод.

Мубин Эргашев ба ҳайси мураббии калон аз соли 2008 то соли 2013 дар мунтахаби миллии кишвар таҷрибаи корро дорад. Моҳи июни соли 2013 Эргашев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъин шуда буд. Зери роҳбарии ӯ мунтахаби кишвар дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтееппа як бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Афғонистон (3:2) гузаронидааст.

Имсол бошад ба ин мутахассиси тоҷик муяссар шуд, ки чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахтро барои бори аввал дар таърихи футболи ватанӣ ба марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми АФК барорад. Ҷоми АФК баъди Лигаи чемпионҳо аз рӯи дараҷабандӣ дувумин сабқати бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиё маҳсуб меёбад.

Ёвари Мубин Эргашев дар ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук, ки муҷаввизи мураббигарии “Pro”-ро дорад, таъин шуд. Роман Пилипчук дар вақташ дар дастаҳои футболи “Динамо” (Москва), “Металлург” (Донетск) ва инчунин дар се клуби футболи маъруфи давлати Исроил, аз ҷумла “Маккаби” бозӣ кардаст. Пилипчук карераи мураббигарияшро дар клуби “Металлург” (Донетск, Украина) оғоз намудаст. Вай инчунин дар ситоди мураббиёни клубҳои “Кривбасс” ва “Зари” фаъолият доштаст. Соли 2008 ёвари сармураббии “Шинник” (Ярослав, Русия) буд. Соли 2009 ба ҳайси сармураббӣ дар “Дачи” (Молдова) ва соли 2010 ба сифати мураббии калони “Балтика” (Калининград, Русия) фаъолият кардаст. Дар мавсими футболи солҳои 2011-2012 дар “Динамо”-и Москва ба ҳайси ёвари Сергей Силкин кор кардаст. Солҳои 2012-2013 сармураббии “Олимпик” (Донетск, Украина) буд. Клуби охирине, ки Пилипчук дар он фаъолият дошт, “Спартак” (Юрмала, Латвия) мебошад.

Дар ситоди мураббиёни мунтахаби миллии Тоҷикистон ду ёвари Эргашев аз “Истиқлол”-и пойтахт низ шомиланд. Инҳо мураббии дарвозабонҳо Аслиддин Ҳабибуллоев ва мураббии омодагии ҷисмонӣ, мутахассиси серб Никола Лазаревич мебошанд.

Добавить комментарий