Мубин Эргашев дар Маркази миллии тиб бистарӣ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев дар Маркази миллии тиб бистарӣ шуд

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ дар Душанбе бистарӣ шуд.

Баъди бозгашт аз Аделаида ба Душанбе, имрӯз, 27 март, мунтахаби миллии Тоҷикистон омодагияшро ба бозӣ муқобили мунтахаби миллии Қирғизистон оғоз намуд. Даста соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин кард. Мутаассифона, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии кишвар Мубин Эргашев ба иллати бемории қалб дар машғулиятҳо иштирок карда наметавонад. Он гуна, ки аниқ шуд, вақтҳои охир саломатии мутахассиси 42 солаи тоҷик хуб нест ва духтурон ба ӯ тавсияи ҷиддӣ доданд, ки барои мӯҳлати муайян аз футбол худдорӣ намуда, фавран дар беморхона бистарӣ шавад.

Алоқамандона ба вазъи саломатии Мубин Эргашев мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” мураббии калони даста, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук роҳбарӣ менамояд. Инчунин Пилипчук дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, ки пагоҳ, 28 март, соати 11:30 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” доир мешавад, иштирок хоҳад кард.

Добавить комментарий