Мубин Эргашев: “Баъди голи задашуда бачаҳо сарҷамъияшонро гум карданд” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Баъди голи задашуда бачаҳо сарҷамъияшонро гум карданд”

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев баъд аз бохти дастаи худ дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 аз “Триполи”-и Лубнон, дар нишасти хабарӣ иброз намуд, ки бозигаронаш баъд аз задани гол сарҷамъиро аз даст доданд, ки дар натиҷа боиси бохти онҳо гардид.

 

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол:

– Ман бар он андешаам, ки дар бозии имрӯза кори дастаи ҳариф омад кард. Бахт ҷониби онҳо хандид. Мутаассифона, баъд аз задани гол бачаҳои мо худбоварона бозӣ карданд ва маҳз ҳамин худбоварӣ сабаби бохтамон шуд. Ин бисёр аламовар аст. Бо “Триполи” бозӣ кардану онро мағлуб сохтан мумкин аст. Аммо бубинед, ки кор тамоман ранги дигар гирифт. Дар қисми аввал имкон нашуд, ки бартарияти худро амалӣ гардонем. Бори дигар қайд мекунам, ки баъд аз задани гол бозигарони мо сарҷамъияшонро аз даст доданд.

Низар Махрус, сармураббии “Триполи:

– Ин ғалаба барои мо хеле муҳим буд. Бозигарони мо кӯшиш карданд ва исбот намуданд, ки тавони рақобат бо дастаҳои пурқувватро доранд. Мо сидқан кӯшиш кардем ва лаҳзаҳои хуби голзании созмондодаи худро истифода намудем. Новобаста ба ғалабаамон,  дар ин бозӣ мо ба хатогиҳо роҳ додем, ки дар оянда онҳоро бояд ислоҳ кард. Ман боварӣ дорам, ки бачаҳои мо аз ин иштибоҳҳо барои худ хулосаи зарурӣ мебардоранд.

Добавить комментарий