Мубин Эргашев: «Аз натиҷа қаноатмандам, аммо бозиро бояд беҳтар кард» – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: «Аз натиҷа қаноатмандам, аммо бозиро бояд беҳтар кард»

Устоди «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев бозии шогирдони худро дар даври аввали марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 муқобили «Ал-Файсалӣ»-и Урдун, ки рӯзи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт, ин зайл шарҳ дод.

 

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол»:

– Бозӣ бисёр мураккаб шуд. Дар дақиқаҳои аввали бозӣ ҳариф чанд лаҳзаи хуби голзаниро ба вуҷуд овард. Дарвозабони дастаи мо Никола Стошич хеле хуб бозӣ кард. ӯ чандин маротиба дарвозаро аз гол эмин дошт. Он гуна ки дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ гуфтам, ҳариф таҷрибаи бозикунӣ дар бозиҳои расмиро дошт, аамо ин бозӣ нахустин бозии расмии дастаи мо дар мавсими имсола буд. Дар маҷму, ман аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам, аммо сатҳи бозӣ бояд беҳтар гардад. Ман аз бозии имрӯзаи шогирдони худ қаноатмандам. Айни замон мо бо системаи нав бозӣ мекунем. Қаблан мо бо системаи 4-3-3 бозӣ мекардем ва имрӯз бошад ин системаро тағийр карда бо системаи нави 4-4-2, яъне бо ду ҳамлагар бозӣ мекунем. Дар футбол бошад ҳеҷ чиро кафолат дода намешавад. Дар бозии ҷавобӣ мо бо мақсади ғолиб шудан бозӣ мекунем. Фикр мекунам, ки ғолиб шудан ба мо даст медиҳад. Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ урдуниҳо дурӯғ гуфтанд, ки бозиҳои дастаи моро тамошо накарданду наомӯхтанд. Онҳо пурра бозиҳои моро тамошо карда, хулосабарорӣ карданд. Зеро баъзе амалҳоероо, ки мо иҷро карданӣ мешудем, анҳо аллакай пешакӣ онҳоро пайхас мекарданд.

Добавить комментарий